Аломатҳои астрономӣ
From Wikipedia, the free encyclopedia
Аломатҳои астрономӣ — ишораҳои шартии Офтоб, Моҳ, сайёраҳо ва дигар ҷирмҳои осмонӣ, инчунин бурҷҳои дувоздаҳгона, шакли сайёраҳо, авзои Моҳ ва ғайра, ки дар адабиёти доир ба астрономия ва тақвимҳо ба сифати сурати рамзӣ истифода мешаванд. Аксари аломатҳои астраномӣ дар давраҳои қадим ба вуҷуд омадаанд. Дар асарҳои астрономии олимони тоҷики асрҳои миёна ду намуди ишораҳо вомехӯранд: аломатҳо ва ҳарфҳои алифбои арабӣ. Абурайҳони Берунӣ (973—1048) дар «Китоб-ут-тафҳим ли авоили саноат-ит-танҷим» («Китоб доир ба фаҳмондани аввали санъати илми нуҷум») барои ишораи Офтоб, Моҳ ва сайёраҳо аломатҳои зеринро истифода кардааст:
Аҳмади Дониш (1826—1897) дар «Манозир ул-кавокиб» («Манзараи ситораҳо») барои ишораи Офтоб, Моҳ, сайёраҳо, бурҷҳои дувоздаҳгона ва ҳодисаҳои астрономӣ як ё ду ҳарфи охирини он истилоҳро истифода кардааст.
Аломатҳои ситораву сайёраҳо:
- Шамс — ﺱ
- Қамар — ﺭ
- Миррих — ﺥ
- Аторуд — ﺩ
- Муштарӣ — ﻯ
- Зӯҳра — ﻩ
- Зуҳал — ﻝ
Аломатҳои ҳодисаҳои астрономӣ:
- қирон — ﻥ
- эҳтироқ — ﻕ
- тасдис — ﺱ ﺩ
- таслис -ﺙ
- тарбиъ — ﻉ
- таҳвил — ﻞﻳ
- муқобала — ﻪﻟ
- меҳтариқа — ﻪﻗ
- явм — ﻡ
- лайл — ﻝ
- найира — ﻩ
- рос — ﺲ ﺍ
- занаб — ﺐ ﻧ
- истиқомат — ﺖ ﻤ
- руҷъат — ﺖ ﻋ
- шараф — ﻒ
- танозири явмӣ — ﻢ ﻆ
- танозири матлаӣ — ﻡ ﻃ
- ҳубут — ﻄ