Алифбои ӯзбекӣ
низоми навиштории забони ӯзбакӣ / From Wikipedia, the free encyclopedia
Алифбои ӯзбекӣ (узб. Oʻzbek yozuvi, Ўзбек ёзуви) — хатти навиштории забони ӯзбекӣ. Дар замони вуҷудаш асоси расмии худро чандинбор тағйир дода аст ва инчунин чандин бор ислоҳ шудааст. Дар ҳоли ҳозир барои навиштор хатти лотинӣ (ба таври расмӣ дар ӯзбекистон), сириллик (дар Қирғизистон, Тоҷикистон ва Қазоқистон, ҳамчунин дар ӯзбекистон низ васеъ паҳн шудааст) ва арабиасос (дар Афғонистон) истифода мешавад.