From Wikipedia, the free encyclopedia
Актиномикоз (лот. actinomycosis; аз юн.-қад. ἀκτίς — нур ва μύκης — занбурӯғ) — бемории сироятист, ки занбӯруғҳои шуоъшакл (актиномисетҳо) ба вуҷуд меоваранд.
Актиномикоз бештар дар пӯсти ҷоғу гардан, узвҳои шикам ва шуш пайдо мешавад. Ҳангоми актиномикози сатҳӣ дар пӯст ё пардаҳои луобӣ варамчаҳои сурх ё кабуди бедард, ки манбаи газак мебошанд, ба вуҷуд меоянд. Дар натиҷаи кафидани мадда носурҳои сершумор пайдо мешаванд. Дар натиҷаи актиномикоз кори узвҳои ҷавфи шикам ва шуш вайрон мегардад; дар мавриди куҳна шудани беморӣ иллат аз дарун ба рӯи пӯст гузашта (масалан, аз шуш ба девораи сина) носурҳоро ба вуҷуд меоварад. Ангезандаҳои беморӣ дар табиат (хок, узвҳои ҳозимаи ҳайвонот, хӯшаи рустаниҳо ва ғайра) васеъ паҳн шудаанд. Онҳо дар даҳон, роҳҳои болоии нафаскашӣ ва рӯда низ мавҷуданд, вале безарар мебошанд. Фақат дар шароити мусоид, яъне ҳангоми лоғаршавии организм (шамол хӯрдан, аллергия, тағйири ҷузъии бофтаю узвҳо ва ғайра) метавонанд сабаби хурӯҷи беморӣ гарданд.
Саривақт муолиҷа кардани газакҳои гуногун, хусусан газаки музмини ҷавфи даҳон, табобат ва кандани дандони пӯсида барои пешгирии актиномикоз хеле муҳим аст. Ҳангоми фурӯ бурдан ё нафас кашидани чанги хӯшаҳои ҷавдор, гандум ва дигар зироати хӯшагии бо занбӯруғ олуда актиномикози рӯда ё шуш пайдо мешавад. Актиномикоз аз шахси бемор ба солим намегузарад. Бо усулҳои замонавӣ актиномикозро аксар вақт пурра муолиҷа кардан мумкин аст. Муолиҷа ҳарчи пештар cap шавад, ҳамон қадар натиҷаи хуб мебахшад. Аз ҳайвонот ба актиномикоз бештар гов, баъзан хук, гӯсфанд, буз, асп гирифтор мешавад. Ангезандаи актиномикоз ба воситаи ҷойҳои зарардидаи пӯст ва луобпардаҳо ба организм роҳ ёфта, омосҳои гуногунро ба вуҷуд меоварад. Омос аксар вақт дар забон, устухони ҷоғ, меъда, рӯда, сина (дар хук), танобакҳои тухмдон (дар асп) пайдо мешавад ва тадриҷан фасод карда мекафад (омоси кафида дер карахш мебандад).
Актиномикоз, одатан, дар натиҷаи тӯлонӣ ба ҳайвонот додани хӯроки дурушт ба вуҷуд меояд. Бо мақсади муолиҷа омоси рӯи пӯстро бурида, ҷойи онро бо маҳлули доруҳои йоддор ва пенисиллин тамйиз мекунанд. Ғайр аз ин ба ҳайвон 2 – 4 ҳафта маҳлули обии йодиди калий дода, ба зери пӯст пенисиллин (рӯзе 3 – 4 маротиба) мегузаронанд. Ба ҷойи пенисиллин стрептомитсин, террамитсин, хлорамфениколро ҳам истифода бурдан мумкин аст. Барои пешгирии актиномикоз хӯрокро ба чорво нарм карда додан тавсия мешавад.
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Every time you click a link to Wikipedia, Wiktionary or Wikiquote in your browser's search results, it will show the modern Wikiwand interface.
Wikiwand extension is a five stars, simple, with minimum permission required to keep your browsing private, safe and transparent.