![cover image](https://wikiwandv2-19431.kxcdn.com/_next/image?url=https://upload.wikimedia.org/wikipedia/commons/thumb/d/d8/Jean-L%25C3%25A9on_G%25C3%25A9r%25C3%25B4me_010.jpg/640px-Jean-L%25C3%25A9on_G%25C3%25A9r%25C3%25B4me_010.jpg&w=640&q=50)
Азон
From Wikipedia, the free encyclopedia
Азон (ар. أذان – эълом кардан, огоҳ намудан) — бонги намоз, садои баланди даъват барои намозхонӣ[1], маҷмӯи зикрҳои мушаххас, ки тавассути он мусулмонон аз фаро расидани вақти намоз огоҳ карда мешаванд.
![Thumb image](http://upload.wikimedia.org/wikipedia/commons/thumb/d/d8/Jean-L%C3%A9on_G%C3%A9r%C3%B4me_010.jpg/640px-Jean-L%C3%A9on_G%C3%A9r%C3%B4me_010.jpg)
Азон ва иқомат суннати муаккада мебошанд ва танҳо барои намозҳои фарз гуфта мешаванд. Он фарз, хоҳ бо ҷамоъат баргузор гардад ва хоҳ бо танҳогузорӣ, чи намози вақтӣ бошад, чи қазоӣ ва намозгузор, хоҳ муқим бошад, хоҳ мусофир. Азон ва иқомат барои мардон суннат ва барои занон макрӯҳ аст.[2]
Бар намозгузор суннат аст, ки қабл аз намозҳои панҷгона ва низ намози ҷумъа аввал азон ва баъд аз он иқомат гуфта, намозашро шурӯъ намояд.[3]