From Wikipedia, the free encyclopedia
Адабиёти илмии бадеӣ, як навъи махсуси адабиёт, ки дар он аз илму пажӯҳишҳо, гуногунадешиҳои илмӣ, тақдири кашшофон – донишмандон сухан меравад.Адабиёти илмии бадеӣ аз ҷиҳати мундариҷаву мазмун, услуби эҷод дар доираи адабиёти бадеӣ, ҳуҷҷатӣ публитсистӣ ва илмии оммавӣ қарор дорад, бо ин навъҳои адабиёт алоқаманд аст, дорои ҷиҳатҳои ахлоқӣ, таълимӣ, тарбиявӣ, зебоишиносӣ, ороста ба воситаҳои тасвири бадеӣ ва ғайра мебошад. Нависандаи Адабиёти илмии бадеӣ ба воситаи тахайюлу тафаккури бадеӣ ин ё он лаҳзаи воқеиро, ки асоси он санадҳои илмӣ аст, мавриди таҳлили бадеӣ қарор медиҳад. Андешаи бадеии хешро барасоси маводи илмӣ дар қолабӣ бадеӣ баён менамояд. Истилоҳи Адабиёти илмии бадеӣ дар садаи XX пайдо шуда, ба адабиётшиносии тоҷик бо таъсири адабиёти рус ворид гардидааст, вале асарҳои дар ин навъи адабиёт эҷодшуда дар адабиёти атиқа (Юнон ва Руми Бостон), адабиёти Европа («Метаморфозаи рустаниҳо»-и И. В. Гёте), адабиёти русу собиқ шӯравӣ баназар мерасанд. Дар адабиёти асрҳои миёнаи форс-тоҷик низ нишонаву аломатҳои Адабиёти илмии бадеиро дарёфтан мумкин аст. Дар адабиёти муосири тоҷик асарҳои дар навъи таърихӣ эҷодшуда, аз ҷумла «Восеъ» ва «Фирдавсӣ»-и С. Улуғзода, «Ситорае дар тирашаб», «Парвози Шоҳин»-и Р. Ҳодизода, «Якрӯзи дароз, рӯзи бисёр дароз»-и Ӯ. Кӯҳзод, «Ҷонбагарав»-и Ш. Ҳаниф, «Куруши Кабир»-и Б. Абдураҳмон, «Девори Хуросон»-и М. Солеҳва ғайраро метавон ба навъи Адабиёти илмии бадеӣ шомилсохт.
Таърихи адабиёти советии тоҷик. Инкишофи жанрҳо, ҷ. 1, Д., 1980; Мусулмониён Р., Назарияи адабиёт, Д., 1990; Шарифов Х., Назарияи наср, Д., 2004.
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Every time you click a link to Wikipedia, Wiktionary or Wikiquote in your browser's search results, it will show the modern Wikiwand interface.
Wikiwand extension is a five stars, simple, with minimum permission required to keep your browsing private, safe and transparent.