From Wikipedia, the free encyclopedia
Фердина́нд А́вгуст Бе́бел (олмонӣ: Ferdinand August Bebel; 22 феврал 1840, Кёлн — 13 августи 1913, Курвалден, Швейсария) — ходими сиёсӣ ва яке аз асосгузорони сотсиал-демократияи Олмон.
Август Бебел дар оилаи низомии Пруссия таваллуд ёфтааст. Аз с. 1860 дар шаҳри Лейпсиг зиндагӣ дошт ва дар фаъолияти маорифпарварии ҷамъияти коргарон фаъолият мекард. Соли 1866 бо ҳамроҳии Вилгелм Либкнехт Ҳизби халқии радикалӣ-демократии Саксонияро таъсис дод. Баъди як сол Бебелро раиси Шӯрои иттифоқҳои коргарӣ интихоб намуданд ва дар ин айём ӯ бо Интернатсионали I робита барқарор намуд. Баъд аз он, ки дар сафи демократҳо ҷудоиҳо (либералҳо, буржуазҳо) ба амал омаданд, иттифоқҳои боқимонда ва Ҳизби халқии Саксония с. 1869 дар ҳизби коргарии сотсиал-демократӣ муттаҳид гардиданд. Дек. 1870 Б. ҳабс шуд, лекин марти 1871 баъди интихоб шудан ба рейхстаг озод гардид. Тарафдори Коммунаи Париж буд. Соли 1875 якҷо бо Либкнехт ҳизби ташкилкардаи сотсиал-демократии коргариро бо тарафдорони Ф. Лассал ба ҳизби ягонаи сотсиал-демократӣ муттаҳид намуд. Ӯ усулҳои муборизаи синфӣ ва интернатсионализми пролетариро таъкид мекард. Дар қабули Барномаи дуюми Ҳизби сотсиал-демократии Олмон (1891) нақши муҳим дошт. Бебел корманди пешбари рӯзномаи ҳизбии «Форверст» буд. Соли 1884 рисолаеро бо номи «Давраи мадании муҳаммадии арабӣ» (Магометанско-арабский культурный период) чоп кард. Он то давраи Империяи Усмонии садаи 16-ро дар бар мегирад. Ҳоло асари мазкурро ҳамчун нутқи рӯзмарраи ҳимояи сулҳи байни тамаддунҳои гуногун баррасӣ менамоянд. Китоби ӯ «Зан ва сотсиализм» (1883) ба чандин забон, аз ҷумла ба забони русӣ тарҷума шудаст. Яке аз майдонҳои марказии Берлин номи Бебелро гирифтааст.
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Every time you click a link to Wikipedia, Wiktionary or Wikiquote in your browser's search results, it will show the modern Wikiwand interface.
Wikiwand extension is a five stars, simple, with minimum permission required to keep your browsing private, safe and transparent.