From Wikipedia, the free encyclopedia
Абдушариф Боқизода (Боқиев Шариф; 10 январи 1964, Қаротегин, ноҳияи Рашт, вилояти Ғарм, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС — 26 сентябри 2024, Душанбе, Тоҷикистон) — ховаршинос, донишманд ва пажӯҳишгари улуми исломӣ. Муаллифи рисолаҳои «Фиқҳи исломӣ» ва «Тафсири навини Қуръони карим».
Шариф Боқиев | |
| |
Таърихи таваллуд | 10 январ 1964 |
Зодгоҳ | Қаротегин, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС |
Таърихи даргузашт | 26 сентябр 2024 (60 сол) |
Маҳалли даргузашт | Душанбе, Тоҷикистон |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | диншиносӣ |
Ҷойҳои кор | Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик |
Алма-матер | Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М. В.Ломоносов (1994), Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон (2008) |
Абдушариф Боқизода 10 январи соли 1964 дар Қаротегин ба дунё омадааст. Падару модараш аз аҳли илму фазл ва огоҳ аз донишҳои адабию илмии калассикӣ будаанд. Аз ин рӯ тарбияти падар дар роҳи илмии вай муассир будааст. Баробари таҳсил дар мактаби миёна, ҳамчунин дар назди чанде аз шахсиятҳои маъруфи мазҳабӣ дар Рашту Кофарниҳону Душанбешаҳр таҳсили илм карда, ба улуми сарфу наҳв, фасоҳату балоғат, тафсиру аҳодис ошно шуд ва тадриҷан ба таснифот пардохта, чанд рисолаеро манзури умум кард. Нахустин асараш «Ислом раҳнамои халқҳо» аст, соли 1985 чоп шуд.
Абдушариф Боқизода соли 1994 риштаи забони арабии Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М. В. Ломоносов ва соли 2008 риштаи равоншиносии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро хатм кардааст..
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Every time you click a link to Wikipedia, Wiktionary or Wikiquote in your browser's search results, it will show the modern Wikiwand interface.
Wikiwand extension is a five stars, simple, with minimum permission required to keep your browsing private, safe and transparent.