From Wikipedia, the free encyclopedia
Абдурраҳмон Бисвас ( бенг. আব্দুর রহমান বিশ্বাস ; 1 сентябри 1926, Барисал — 3 ноябри соли 2017, Дакка ) — ходими давлатй ва сиёсии Бангладеш.
Дар ноҳияи Барисал (ҳоло Банглодеш) таваллуд шудааст, ӯ Донишгоҳи Даккаро хатм карда, дар он ҷо бакалаври санъат ва магистри ҳуқуқро гирифтааст. Дар вазифаи раиси бонки кооперативии маҳаллӣ кор кардааст. Солҳои 1962 ва 1965 ӯ ба Маҷлиси қонунгузори Покистони Шарқӣ интихоб шуд. Соли 1967 дар Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Покистонро намояндагӣ кард. Дар интихоботи парлумонии Бангладеш дар соли 1979 вакили Маҷлиси миллӣ интихоб шуд ва баъд аз он дар вазоратхонаҳо як қатор вазифаҳоро ба ӯҳда дошт. Дар интихоботи парлумонии соли 1991 дубора вакил интихоб шуд ва дере нагузашта раиси парлумон интихоб шуд. Моҳи октябри соли 1991 Президенти Бангладеш интихоб шуд ва то соли 1996 дар ин вазифа кор мекард. Дар давраи раисиҷумҳур буданаш дар муқобили артиш мавқеъи сахт гирифт.
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Every time you click a link to Wikipedia, Wiktionary or Wikiquote in your browser's search results, it will show the modern Wikiwand interface.
Wikiwand extension is a five stars, simple, with minimum permission required to keep your browsing private, safe and transparent.