Элизабет Мосс
Ҳунарпешаи амрикоӣ / From Wikipedia, the free encyclopedia
Элизабет Синглтон Мосс (англ. Elisabeth Singleton Moss, тав. 24 июли соли 1982, Лос Анҷелес, Калифорния, ИМА) — ҳунарпешаи театр, синамо ва телевизиони амрикоӣ. Барандаи Ҷоизаи Глобуси тилоӣ (2014, 2018) ва Эмми (2017). Бо нақшҳояш Зоӣ Бартлетт, духтари хурдии президент Ҷозия "Ҷед" Бартлетт дар силсилафилми The West Wing (1999-2006), дабир Пегги Олсон дар силсилафилми Mad Men (2007-2015) ва детектив Робин Гриффин дар силсилафилми Top of the Lake (2013, 2017) маъруф аст.
Quick Facts Элизабет Мосс, Ном ба ҳангоми таваллуд: ...
англ. Elisabeth Moss | |
| |
Ном ба ҳангоми таваллуд: | Элизабет Синглтон Мосс |
Таърихи таваллуд: | 24 июл 1982(1982-07-24) (41 сол) |
Зодгоҳ: | Лос-Анҷелес, Калифорния, ИМА |
Шаҳрвандӣ: | ИМА |
Касб: | ҳунарпеша |
Корнома: | 1990 — то ҳол |
Ҷоизаҳо: |
|
IMDb: | ID 0005253 |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Close
Аз соли 2017 Мосс дар силсилафилми "The Handmaid’s Tale" нақш офаридааст, ки аз рӯи романи нависандаи канадӣ Маргарет Этвуд таҳия шудааст[1]. Мосс барои корҳои худ дар телевизион аз ҷониби «Vulture» "маликаи телевизиони муосир" номида шудааст[2].