Хирсаки бахмалӣ
From Wikipedia, the free encyclopedia
Хирсаки бахмалӣ — яке аз намудҳои маъмул ва машҳуртарини бозичаҳои мулоим дар асри XX ва ибтидои асри XXI ба ҳисоб меравад, ки аз маводҳои мулоим омода мешавад. Дар Аврупои Ғарбӣ ва Амрико вай асосан бо номи «Тедди» (англ. teddy bear, олм. Teddybär) маъруф аст, ки одатан бо номи президенти ИМА Теодор Рузвелт алоқаманд аст. Дар забони тоҷикӣ номи ин бозича "хирсаки бахмалӣ" муқаррар шудааст, гарчанде ки ҳоло на ҳамаи хирсакҳои ин навъи бозича аз бахмал сохта шудаанд. Хирсакҳои аз ширкатҳои гуногуни Аврупоӣ ва Амрикоӣ дар аввали асри ХХ (то Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ истеҳсол шуда) коллексияҳои маъмуланд.