Синамои Ҳиндустон
саноати филмистеҳсолкунӣ дар Ҳиндустон / From Wikipedia, the free encyclopedia
Синамои Ҳиндустон аз филмҳое иборат мебошад, ки дар кишвари Ҳиндустон истеҳсол карда шудаанд. Синамо дар Ҳиндустон ба таври васеъ маъмул аст ва ҳамасола 1600 филм бо забонҳои мухталиф истеҳсол мешавад. Синамои Ҳиндустон аз дигар мамлакатҳо дида нисбатан зиёдтар филм истеҳсол мекунад; дар соли 2011, дар саросари Ҳиндустон беш аз 3,5 миллиард чипта фурӯхта шуд, ки аз Ҳолливуд дида зиёдтар аст. Мумбай, Калкутта, Ченнаи, Кочӣ, Бангалор ва Ҳайдаробод марказҳои бузурги истеҳсоли филм дар Ҳиндустон мебошанд.
Дар соли 2013, Ҳиндустон аз рӯи ҳаҷми солонаи филмҳо дар ҷои аввал истодааст, пас аз ӯ Нолливуд, Ҳолливуд ва Хитой мебошанд. Дар соли 2012, Ҳиндустон 1,602 филми бадеӣ истеҳсол кардааст. Саноати синамои Ҳиндустон дар соли 2011 даромади умумиро ба 1,86 миллиард доллари амрикоӣ ( ₹ 93 миллиард) оварда расонд. Соли 2015, Ҳиндустон маҷмӯи умумии сандуқи умумиҷаҳониробо US$2.1 billion ҷои сеюмро дар ҷаҳон ишғол намуд.
Дар даромади умумии синамо Ҳиндустон US$ 1,3 миллиардро бо ҳисоби соли 2000 ташкил медиҳад. Соҳаи филмистеҳсолкунии Ҳиндустон бо забонҳои гуногуни кишвар тақсим карда мешавад. Қисми зиёди филмҳоро истеҳсоли филмҳои бо забони ҳиндӣ, ки Болливуд номгузорӣ намудаанд ташкил намудааст, ва 43%-и даромади умумиро ба даст меорад. Истеҳсоли якҷоягии филмҳо бо забонҳои томилӣ ва телугу 36%-ро ташкил медиҳад. Синамои Ҳиндустони Ҷанубӣ ба панҷ фарҳанг ҷудо шудааст: Томилӣ (Колливуд), Малаялам (Молливуд), Телугу, Каннада (Сандалвуд), Тулу ва Банголӣ (Толливуд).
Синамои Ҳиндустон корхонаи ҷаҳонист. Филмҳои он дар тамоми Осиёи Ҷанубӣ ва дар саросари Аврупо, Амрикои Шимолӣ, Осиё, Ховари Наздик, Африқои Шарқӣ, Чин ва дигар ҷойҳо тамошобинони худро доранд ва дар зиёда аз 90 кишвар ба намоиш гузошта мешавад.
Филми биографӣ, аз ҷумла Дангал, ба блокбастерҳои трансмиллӣ табдил ёфт, ки дар тамоми ҷаҳон то 300 миллион доллар фоида ба даст овард. Миллионҳо ҳиндуҳои хориҷа филмҳои ҳиндиро тамошо мекунанд, ки тақрибан 12% даромадро ташкил медиҳанд. Танҳо ҳуқуқи мусиқӣ 4-5% даромади софро ташкил медиҳад.